Кофтукоби манзили сармуҳаррири "Саяси калам. Трибуна" дар Алмаато

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон манзили зисти иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири нашрияи "Саяси калам. Трибуна" Жанболат Мамайро кофтукоб карданд.

Менизат Токпатаева, модари Мамай мегӯяд, субҳи имрӯз як гуруҳ ба хонаи онҳо омада, худро "кормандони Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қазоқистон" муаррифӣ карданд. "Баъди анҷоми кофтукоб Мамайро бо худ бурданд", - афзуд Токпатаева.

Субҳи имрӯз Инга Имонбой, рӯзноманигори "Саяси калам. Трибуна" дар Фейсбук навишт, ки коргоҳи нашрияро ҳам кофтукоб кардаанд. Рақамҳои Имонбой ва Мамай дар ҳоли ҳозир ҷавоб намедиҳанд. Дар навори нашркардаи Имонбой шахсе дида мешавад, ки худро муфаттиши гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ муаррифӣ мекунад.

Дар Хадамоти матбуотии Бюрои миллии мубориза бо фасоди Қазоқистон гуфтанд, Мамай ба "қонунигардонии эҳтимолии пулҳои дуздидашудаи БТА Бонк" тавассути нашрияи "Саяси калам. Трибуна" айбдор мешавад.

Шумораи нави "Саяси калам. Трибуна" ҳафтаи равон бо таъхир чоп шуд. Нашриёт таъхири чопи рӯзномаро ба қарздории "Саяси калам. Трибуна" рабт дод. Вале Мамай гуфт, қазия ангезаи сиёсӣ дорад. Ӯ моҳи декабри соли 2016 аз ҳамлаи афроди номаълум ба мошинаш хабар дода буд.