Таркиши маргталабе дар Пактико

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки як бомбгузори маргталаб худро дар назди даромадгоҳи ҳукумати як ноҳияи вилояти Пактико мунфаҷир кард ва дар натиҷа ду мулкӣ кушта шуданд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 8 феврал дар ноҳияи Данди Патан рух дод, инчунин як муҳофиз ҷони худро аз даст додааст. Ин ноҳия дар марз бо Покистон ҷойгир аст. Қодиргул Задрон, раиси полиси вилояти Пактико дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки бомбгузори маргталаб мехост ба дохили ҳукумати ноҳия ворид шавад, вале полис ӯро нигоҳ дошт ва дар ҳамин лаҳза таркиш рух дод. Рӯзи 8 феврал дар шаҳри Кобул ҳамингуна бар асари таркиши як маргталаб дар даромадгоҳи Додгоҳи Олии Афғонистон дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ва афроде масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтааст, вале дар гузашта чунин ҳодисаҳоро ҷангиёни Толибон анҷом медоданд.