Кумитаи байналмилалии Салиби сурх баъди он ки шаш кормандашро ба ҳангоми интиқоли кӯмак ба осебдидаҳои офатҳои табиӣ силоҳбадастон куштанд, фаъолияташро дар қаламрави Афғонистон боздошт. Волии Ҷузҷон гуфт, ки корвони кӯмакҳо рӯзи 8 феврал мавриди ҳамлаи силоҳбадастони марбут ба гурӯҳи ба ном “Давлати Исломӣ” қарор гирифт. Раҳбари Салиби Сурх ин ҳодисаро “ҳамлаи бадтарин алайҳи ин созмон” дар 20 соли охир унвон кард. Амалиёти ҷустуҷӯи ду корманди ин созмон ҳанӯз идома дорад. Доминик Стиллҳарт, раҳбари созмон гуфт, ки пеш аз азсаргирии амалиёт бояд вазъи воқеӣ беҳтар арзёбӣ шавад. Ҳанӯз моҳи гузашта ин созмон аз ҷониби гурӯҳҳои шӯришӣ ҳушдор гирифт, ки аз идомаи фаъолиятҳои башардӯстонаи худ даст кашанд. Стиллҳарт гуфт, ки вазъи башарӣ дар Афғонистон хеле вахим аст ва барои кӯмак ба мардуми маҳаллӣ танҳо чанд созмон омода асту бас.