Вазири иттилоот ва мухобироти Қазоқистон Даврон Абаев ба нақл аз натиҷаҳои пурсиши афкори умум гуфт, ки шаҳрвандон аз мизони омодагии ҳирфаии журналистони телевизиони ин кишвар норозиянд.
Дар ҷаласаи густардаи вазорат дар Остона рӯзи 9 феврал Абаев хабар дод, ки аксарияти пурсидашудагон аз фаровонии реклама ва огаҳиҳо, набудани маводи маҳаллӣ, камбуди барномаҳои омӯзишӣ ва сатҳи пасти журналистӣ дар телевизионҳои Қазоқистон шикоят кардаанд.
«Ба мудирони шабакаҳои телевизионӣ зарур аст, ки сари ин масъалаҳо ҷиддан фикр кунанд ва барои ҷалби таваҷҷӯҳи бинанда чораҳои зарурӣ андешанд,» -- гуфтааст вазир. Вай пешниҳод кардааст, ки филмҳои пурраметраж ба навор гирифта шаванд, низоми баҳогузорӣ ба кори кормандони шабакаҳои телевизионӣ ҷорӣ шуда, интихоби кадрҳо беҳтар ва ҳавзаи пахш васеътар гардад.
Аз кори шабакаҳои телевизионии Қазоқистон пештар вакилони порлумони ин кишвар низ ба Абаев шикоят карда буданд. Онҳо, аз ҷумла ба камбуди таҳлил ва таҳқиқоти журналистӣ ишора намуданд. Вазир Абаев он вақт посух дода буд, ки идорааш як қатор «чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва пуштибонӣ аз расонаҳои маҳаллиро роҳандозӣ мекунад».