Эҳтимоли афви то 68 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия

Эҳтимол мақомоти Русия аз 14 то 68 ҳазор муҳоҷири "мамнӯъулвуруди" тоҷик ба қаламрави ин кишварро афв кунанд. Дар ин бора манобеи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфтанд, ки ин мавзӯъ рӯзи 8 феврал дар сӯҳбати сафир Имомуддин Сатторӣ бо Александр Горовой – муовини аввали вазири умури дохилии Русия – баррасӣ шудааст. Вазорати корҳои дохилии Русия баъд аз барҳам хӯрдани ФМС назорати умури муҳоҷират дар ин кишварро бар ӯҳда дорад.

Ин хабар дар остонаи сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон садо дод, ки бино ба иттилои расонаҳо рӯзи 28 феврали имсол сурат хоҳад гирифт.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон гуфтанд, феълан 270 ҳазор муҳоҷири кории кишвар аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд. "Дар дидору мулоқот ҷониби Русия хабар дод, ки баррасии афви шаҳрвандони Тоҷикистон ҷараён дорад. Он шаҳрвандони мо, ки дар ҳудуди Русия ҷинояти сабуки маъмурӣ содир карда ва аз ҳаққи сафар маҳрум шудаанд", - афзуд мусоҳиби мо дар сафорат.

Мақомоти Русия низ дар охири моҳи январи имсол расман гуфтанд, ки масъалаи афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро баррасӣ доранд, аммо рақами хосе дар ин замина ироа нашуда буд. Игор Шувалов – муовини нахуствазири Русия – рӯзи 27 январ дар рӯ ба рӯи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, "ба онҳое, ки қонуншикании ҷиддӣ накардаанд, ягон механизми соддатар пешбинӣ мекунем."

Вай бо зикри онки ҳам дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ва ҳам дар мулоқот бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон масъалаи муҳоҷирони кории тоҷикро баррасӣ кардааст, гуфт, "кӯшиш дорем, нафаронеро, ки ҳуқуқвайронкунии ҷиддӣ доранд ва онҳое, ки ба кадом сабабе сари вақт марзи Русияро тарк карда натавонистаанд, ҷудо кунем. Вазорати корҳои дохилӣ дар ин робита ба ҳукумат гузориш медиҳад. Агар имкон шавад, барои ин нафарон шояд ягон механизми соддатарро пешбинӣ мекунем. Аммо ин масъалаи хеле душвор аст", - гуфт ӯ.

Игор Шувалов

Хабари афви муҳоҷирони тоҷик дар остонаи сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Душанбе садо дод, ки бино ба иттилои расонаҳо рӯзи 28 феврали имсол сурат хоҳад гирифт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни ин сафари Путин имзои чанд созишнома дар назар аст, аммо аз ҷузъиёташ худдорӣ мекунанд. Аз ҷумла, то ҳол гуфта нашудааст, ки оё вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, созмони зери нуфузи Русия, баррасӣ хоаҳд шуд, ё не.

Бо ин ҳол, бархе аз муҳоҷироне, ки чанд сол боз ба далели ихроҷ аз Русия ҳаққи вуруд ба ин кишварро аз даст додаанд, беш аз дигарон аз ин сафари Путин умедворӣ доранд. Амир, як сокини вилояти Суғд, ки ду сол пеш ба ҷурми гӯё риоя накардани қоидаи будубош дар Русия ихроҷ шудааст, гуфт, "сафари раҳбарон ҳатман ягон ҳосил дорад. Умед дорем, ин дафъа ба нафъи муҳоҷирон ягон созишнома имзо кунанд. Махсусан агар афв сурат гирад, мо барин афроди дармондаро аз дастнигарӣ наҷот хоҳад дод. Тамоми зиндагии мо аз ҳисоби кори ман дар Русия буд, вале ду сол боз вазъияти иқтисодии хонавода ба ҳам хӯрдааст."

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 8 феврал масъалаи муҳоҷиронро бо намояндагони Вазорати умури дохилии Русия баррасӣ карданд

Дар ин радиф онҳое низ ҳастанд, ки хабари эҳтимоли афви муҳоҷирони "мамнӯъулвуруди" тоҷик ба Русияро чархиши дигари Кремлин барои ба даст овардани дили ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ваё иҷрои шарти "ман барои ту, ту барои ман" медонанд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо ва як омили калидии ҳифзи суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ба манъи вуруди муҳоҷирони тоҷик ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонаводаи тоҷик аст. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷумла ба ҳамин далел ду сол ба ин сӯ ба Маскав пайваста мавриди афв қарор додани муҳоҷиронеро, ки дар Русия ба қонуншиканиҳои хурду реза роҳ додаанд, пешниҳод мекунанд.

​Ин мавзӯъро моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Уфа раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати рӯбарӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин матраҳ кард. Думаи вилояти Маскав дар соли 2015 пешниҳод карда буд, ки ҳукумат ва порлумони Русия бо тасвиби як қонуни афв роҳи ин кишварро ба рӯи муҳоҷироне, ки қонуншиканиҳои ҷиддӣ надоранд, боз кунанд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия шумораи бекоронро дар Тоҷикистон бисёр кард ва ахиран ҳукумати Тҷоикистон ба вазорату идораҳояш супориш дод, ки кишварҳои наверо барои барои интиқоли нерӯи корӣ пайдо кунанд. Ҳамасола то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи январи имсол гуфт, ки соли гузашта муҳоҷирати тоҷикон ба Русия то 6 дар сад кам шудааст.