Литва аз баталони НАТО, бо фармондеҳии Олмон истиқбол кард

Лаҳистон- Нишони Паймони Атлантики Шимолӣ дар нишасти Вашрава. 9 июли соли 2016

Дар Литва аз баталони НАТО, таҳти фармондеҳии Олмон, истиқбол карданд. Рӯзи 7 феврал дар маъракаи ифтихорӣ, ки дар пойгоҳи низомии Рукла баргузор шуд, низомиёни бундесферро президенти Литва Даля Грибаускайте ва вазири мудофиаи Олмон пешвоз гирифтанд..

Қарор аст, ки то охири моҳи феврал Олмон ба Литва маҷмуан 450 сарбоз ва то тобистон, 26 тонк ва 170 васоили нақлиёт бифиристад. Ҳайъати низомии НАТО дар Литва ҳудудан аз 1000 сарбоз, бо шумули сарбозони Ҳолланд, Норвегия ва Белгия иборат хоҳад буд. Deutche Welle мегӯяд, ки ҳамаи онҳо то моҳи май бояд ба макони истиқрори худ ҳозир шаванд. Таҷаммӯи нерӯ дар Аврпуои Шарқӣ, аз замони Ҷанги сард, бенамуна арзёбӣ мешавад.

НАТО ин тамоюлро ба зарурати ҳимояи шариконаш дар паймон бастагӣ медиҳад, ки баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина муҳим шудааст. Маскав иттиҳоми пуштибонӣ аз ҷудоиталабонро рад мекунад. Густариши нерӯҳои НАТО як соли пеш, дар аҳди президенти собиқи ИМА Барак Обама барномарезӣ шуд. Вазири мудофиаи Олмон дар маъракаи Литва гуфт, ки раҳбари нави Пентагон аҳамияти фаъолияти НАТО-ро эътироф мекунад.