Путин қонунеро, ки хушунати хонаводагиро ҷиноят намеҳисобад, имзо кард

Владимир Путин, президенти Русия лоиҳаи баҳсбарангези қонунеро, ки баъзе хушунатҳои хонаводагиро аз кодекси ҷиноӣ хориҷ мекунад, имзо кард. Бар пояи ин қонун, шахсе, ки бори аввал ба сари аъзои оилааш даст мебардорад, аз рӯи қонуни маъмурӣ зиддаш чора андешида хоҳад шуд. Вале агар ин амал ба саломатии ҷабрдида таҳдид кунад ё такрорӣ бошад, тибқи кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад.

Қонуни нав муҷозотро барои латтукӯби бори аввал ва бидуни осеб ба саломатии инсон ҷарима дар ҳаҷми то 30 ҳазор рубл, ҳабс то 15 шабонарӯз ё ҷалб ба корҳои ислоҳӣ барои 120 соат пешбинӣ кардааст. Ҷонибдорони қонун мегӯянд, бо мусоидати он аз дахолати нолозими давлат ба умури хонаводагӣ пешгирӣ хоҳад шуд. Ин қонунро созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи занону кӯдакон ҳанӯз ҳинӣ баррасӣ интиқод карда буданд. Палатаи болоии порлумони Русия низ онро 1 феврал дар пайи тасдиқи Думаи давлатӣ қабул кард.