Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз раҳбари Русия Владимир Путин даъват кард, ки бо истифода аз нуфӯзи худ бар ҷудоиталабони шарқи Украина, ба хушунат дар он ҷо хотима диҳад. Дар ин бора Стеффен Сеиберт, сухангӯи ҳукумати Олмон гузориш дод.
Хурӯҷи даргириҳо дар байни нерӯҳои Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия, дар як ҳафта дастикам 35 қурбонӣ ба бор овард.
Меркел ва Путин рӯзи 7феврал дар як сӯҳбати телефонӣ изҳори умед карданд, ки ҷангҳо базудӣ хотима меёбанд, гуфт Стеффен Сеиберт дар як изҳорот.
Дар ҳамин ҳол Кремлин гуфт, ки Путин ва Меркел ба эҳёи оҷили оташбас дар шарқи Украина даъват карданд.
"Нигаронии ҷиддӣ дар робита ба густариши низои мусаллаҳона ва хисороти ҷоние,ки дар пайи он мерасад, баён шуд"- омадааст дар изҳорот.
Биноба ҳисобҳои Созмони Милали Муттаҳид аз моҳи апрели соли 2014 9800 нафар дар ин низоъ кушда шуданд.