Як маргталаб 20 нафарро дар маркази Кобул кушт

Дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар назди Додгоҳи олии Афғонистон дар маркази Кобул 20 нафар кушта шудаанд. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки дар ин ҳамла дар рӯзи 7-уми феврал ҳамчунин 47 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи мақомот маргталаб ба назди додгоҳ наздик шуда ва худро дар пеши кормандони додгоҳ тарконидааст. Шаҳзод, як ронандаи таксӣ, ки шоҳиди ҳамлаи маргталаб шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт: ” Таркиш бисёр хатарнок буд. Мардум ҳам сахт тарсиданд. Худо душманони кишвари моро нобуд кунад. Таркиш замони берун омадани мардум аз идора рух дод." Ҳеҷ кас то кунун масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.