Кремл рӯзи 6 феврал аз шабакаи телевизионии FoxNews хост, барои шарҳи "ғайри қобили қабул"-и ровии шабака, Билл О'Рейли дар робита ба президенти Русия Владимир Путин, ҳангоми мусоҳиба бо Доналд Трамп, маъзаратхоҳӣ кунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод. О'Рейли дар сӯҳбат бо президенти Амрико, рӯзи якшанбе Путинро "қотил" гуфт ва хост аз Трамп шарҳи бештар бигирад, ки ба чӣ далел ӯ Путинро эҳтиром мекунад. Ровии телевизион ба сурати умум нагуфт, ки Путин киро "куштааст".
"Мо ин суханонро аз ҷониби шабакаи телевизионии FoxNews ғайри қобили қабул ва таҳқиромез арзёбӣ мекунам ва росташ, мехоҳем, ки ин телеаизиони муътабар узр пурсад",- гуфт сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков дар ҷараёни телеконферонси рӯзона бо хабарнигорон.
Песков аз посухи Трамп ба ин суол ёдовар нашуд. Трамп дар ҷавоб ба пурсиши Билл О'Рейли бо ишора ба ҷанги Ироқ дар соли 2003 гуфт, "Мо қотили зиёд дорем. Ба назари шумо кишвари мо бегуноҳ аст?"