Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд боз шуд

Рафтуомад дар масири Душанбе-Чаноқ сар аз соати 15:00-и рӯзи душанбеи 6 феврал имконпазир шудааст. Масъулони ширкати IRS рӯзи 6 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамакнун роҳ аз барфу тарма тоза шуда ва дар навбати аввал мошинҳое, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷамъ шуда буданд, ба тарафи Душанбе ҳаракат карданд. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS афзуд, ки эҳтимол дорад сар аз соати 18-и имрӯз ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ба тарафи Хуҷанд низ роҳандозӣ гардад. Сухангӯи IRS гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар километрҳои 48-73-и ин шоҳроҳ беш аз 35 техникаи ин ширкат барои бартараф кардани паёмадҳои барфборӣ ва резиши тарма кор мекунанд. Тайи наздик ба даҳ рӯзи ахир бар асари барфборӣ ва резиши тарма шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чанд дафъа масдуд шуд. Бар асари ин тармафароиҳо, шаби 28 ба 29 январ ҳафт дар нафар дар ин масир ҷон бохтанд.