Қонунгузори аршади порлумони Қазоқистон аз намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатии Русия шадидан танқид кард, ки батакрор "бозпас гирифтани қаламравҳои Русияро аз Қазоқистон" матраҳ кардааст.
Дар изҳороте, ки рӯзи 6 январ пахш шуд, раиси Кумитаи равобити хориҷӣ ва амнияти Қазоқистон, Мавлон Ҳошимбоев гуфт, ки даъватҳои узви Думаи давлатии Русия, Павел Шперов "ғайри қобили қабул аст".
Ҳошимбоев гуфт, изҳороти Шперов дар заминаи даъвои қаламрав бо Қазоқистон ба рӯҳияи дустӣ ва равобити ҳамсоягии Қазоқистону Русия созгор нест.
Матбуот ба нақл аз қавли Шперов, узви Кумитаи ҳамоиши Авруосиё, рӯзи 26 январ навиштанд, ки "марзи Қазоқистону Русия доимӣ нест ва қаламравҳое, ки дар асл аз мо ҳастанд, базудӣ ба мо баргардонида мешаванд".
Ин изҳорот Вазорати хориҷии Қазоқистонро низ нороҳат кард. Аммо Вазорати хориҷии Русия гуфт, ки Шперов барои пахши изҳороти расмӣ, оиди сиёсати хориҷии Русия, салоҳият надорад.
Даъватҳо барои бознигарии марзи Қазоқистон бо Русия дар гузашта аз тарафи баъзе мақомоти Русия ва чеҳраҳои шинохта, бо шумули дорандаи ҷоизаи Нобел, Александр Солженитсин садо додаанд.
Ишғоли Қрим а ҷониби Русия дар соли 2014 ва пуштибонии Маскав аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ҳамсояҳояшро нигарон кардааст,ки мумкин Кремлин ба қаламравҳои онҳо низ чашм дӯзад.