Директори Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" суханони масъулони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикэйр" дар мавриди ин, ки гӯё фаъолияти ин ширкат ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест, бепоя хонд. Аловиддин Сатторӣ, раиси ширкати "Тоҷиксуғурта" рӯзи 6 феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки "Тоҷикэйр" ӯҳдадориҳои худро, ки бо қарори ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, иҷро намекунад ва маблағи суғуртаи ҳатмиро намепардозад. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд қаблан ҳукумати Тоҷикистон 25 миллион сомонӣ қарзи "Тоҷикэйр" назди "Тоҷиксуғурта"-ро аз эътибор соқит кард, баъд аз ин ҳам "ин ширкат боз як сомонӣ маблағ пардохт накардааст". Ширкати "Тоҷикэйр" яке аз ду ширкати ҳавопаймоӣ дар кишвар мебошад, ки ҳамарӯза дар масирҳои мухталиф парвозҳо анҷом медиҳад.