Давлатов: "Таъйини Рустами Эмомалӣ қонунӣ аст" (ВИДЕО)

Рустами Эмомалӣ моҳи январ раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Ҷумъа Давлатов, мудири Оҷонсии хизмати давлатӣ, мегӯяд, таъйини Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе ба қонунгузории кишвар мухолифат надорад. Вай рӯзи душанбе 6 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки Рустами Эмомалӣ се диплом дорад ва хатмкардаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Давлатов: "Таъйини Рустами Эмомалӣ қонунӣ аст"

"Рӯзҳои нахустини фаъолияти Рустами Эмомалӣ собит карданд, ки вай аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа мебарояд. Дар мавриди фаъолияташ дар вазифаи директори Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод низ камбудие сурат нагирифтааст." - гуфт Ҷумъа Давлатов ва афзуд, ки бар тибқи қонунгузорӣ раҳбарони шаҳру навоҳӣ дар се сол як маротиба барои такмили ихтисос даъват мешаванд ва раиси шаҳри Душанберо ҳам "ба ин давраҳои омӯзишӣ даъват мекунем."

Ҷумъа Давлатов

Ҷумъа Давлатов афзуд, ки таъйини Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби тасмими давлати Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба мақомҳои раҳбарии кишвар сурат гирифтааст. Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ва дар гузашта дар Кумитаи гумрук ва Оҷонси мубориза бо коррупсия ҳам мақом дошт.

Ҷуғрофиёи таркиби ҳукумати Тоҷикистон

Рӯзҳои нахустини фаъолияти Рустами Эмомалӣ собит карданд, ки вай аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа мебарояд.

Мудири Оҷонсии хизмати давлатӣ дар идомаи сӯҳбаташ ба таркиби ҳукумат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ишора кард ва гуфт, соли гузашта 37 дарсади раҳбарони сатҳи аввали кишвар зодаҳои вилояти Хатлон буда, ин рақам ба 135 нафар кам шудааст.

Ба гуфтаи вай, шумораи зодаҳои вилояти Суғд ба 24,9 дарсад расида, 186 нафар бештар шудааст. Намояндаҳои вилояти Бадахшони кишвар дар сатҳи роҳбарикунандаи кишвар 8,7 дарсад ва теъдоди онҳо як нафар афзоиш ёфтааст. Зодаҳои навоҳии тобеи Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 44 нафар бештар шуда, ба 10,5 дарсад расидааст.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ҷумъа Давлатов, феълан 8825 нафар ё 44 дарсади вазифаҳои роҳбарикунанадаи кишварро ҷавонони то 35-сола ишғол мекунанд. Вай афзуд, ки бо дарназардошти афзоиши теъдоди ҷавонон дар сатҳи роҳбарикунандаи кишвар, Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки мизони ҷавон будани кадрҳои роҳбарикунанада дар кишвар аз 35-солаи феълӣ то ба 28-сола пойин бурда шавад.

Тафсилот ва видео дар ҷараёни рӯз нашр мешавад.