Э.Раҳмон cармоягузорони қатариро ба Тоҷикистон даъват кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сармоягузорони Қатар даъват кард, то дар татбиқи лоиҳаҳои хуруд бузурги энержӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштараква рушди зерсохтори сайёҳии ин кишвар ширкат кунанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 феврал зимни дидор бо раиси Созмони сармоягузории Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибни Саъуд Оли Сонӣ дар шаҳри Давҳа таъсиси Бунёди рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консалтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистонро дар ин росто қадами муҳим хондааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 5 феврал ба Қатар сафар кард ва қарор имрӯз бо амири он кишвар дидору гуфтугӯ намояд.

Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни дидори расмӣ аз Қатар аз Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ дидан карда ва бо таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои Бунёди Қатар ошно шудааст. Дар ин марказ ба беш аз 5 ҳазор донишҷӯи донишгоҳҳои бонуфузи 39 кишвари ҷаҳон илмҳои муосир бо забони англисӣ тадрис мешавад.
Ин осорхона моҳи ноябри соли 2008 таъсис шуда ва дар он нигораҳои қадимию нодир, аз ҷумла, намунаҳои нодири нақшу нигор ва хаттотӣ дар рӯи санг ва чӯб, ки бо хатти форсӣ навишта шудаанд,гирдиҳам оварда шудаанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ гардид. Нахустин сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифт. Собиқ Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ низ тобистони соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ки аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба Тоҷикистон мебошад.