Пулиси зиддитеррористии Туркия бештар аз 440 нафарро бо иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дастгир кардааст.
Хабаргузории давлатии Анадолу рӯзи 5-уми феврал гузориш дод, ки 60 нафар муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи ифротӣ ва аксаран хориҷиёнро рӯзи 5-уми феврал дар Анкара дастгир кардаанд ва 150 нафари дигар дар вилояти Санлиурфа дар наздикии марз бо Сурия боздошт шудаанд.
Амалиёт дар шаҳрҳои Ғозиёнтеппа ва Истанбул ҳам сурат гирифтааст. Нӯҳ нафар бо иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Измир дастгир шудаанд.
Баъди табаддулоти нофарҷом ва даҳҳо ҳамлаҳои хунини ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ ва ҷудоиталабони курд дар соли гузашта, Туркия тадобири амниятӣ ва зиддитерорристиро тақвият бахшидааст.