Пойи муҳоҷирони тоҷик ба қазияи кӯдаки думоҳа кашида шуд

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Маскав ду муҳоҷири тоҷикро дар робита ба ҷароҳат бардоштани як кӯдаки думоҳа дар ин шаҳр боздошт кардааст. Расонаҳои русӣ 4 феврал гуфтанд, шаҳрвандони Тоҷикистон ба он айбдор мешаванд, ки гӯё ҳангоми тоза кардани боми хонаҳо тӯдаи барфро ба рӯи аробаи кӯдаки думоҳа рехтаанд. Аз ин афрод ном бурда нашудааст ва дақиқ нест, ки воқеан онҳо аз Тоҷикистонанд ё аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ.

Расонҳо мегӯянд, зоҳиран ин кор тасодуфӣ сурат гирифта, аммо дар пайи он қабурғаи кӯдак ва сараш ҷароҳат бардоштааст. Ин кӯдак ҳоло дар бемористон бистарӣ шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, дар робита ба ин қазия парвнада боз шуда, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.

Садҳо ҳазор сокини Тоҷикистон барои зиндагӣ ва кор ба Русия рафта, бархеи онҳо дар сохтмонд ва иддае дар фасли зимистон ба тоза кардани кӯчаву бомҳо аз барф низ машғул мешаванд.