Афв ба ивази 1500 доллар?

Парвандаи Мустафо Додохонов – муфаттиши Идораи умури дохилии Исфара – ба додгоҳ супурда шудааст. Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 4 феврал гуфтанд, ӯ ба талаби 1500 доллар барои татбиқи Қонуни афв нисбат ба як сокини ин шаҳр боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, як вакили дифоъ низ барои миёнравӣ дар ин қазия муттаҳам аст.

Ҳодиса охирҳои соли гузашта, ҳангоми татбиқи Қонуни афв, сурат гирифта, парванда тоза ба дасти додгоҳ расидааст. “Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Додохонов ҳангоми аз миёнарав Исроилов К. гирифтани пора ба маблағи 1300 доллар дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира гардидааст”, - таъкид карданд дар Оҷонсӣ.

Соли гузашта дар робита ба ҷашни 25 соли истиқлоли Тоҷикистон қонуни афв қабул шуд. Ин қонун дар маҷмӯъ нисбат ба 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ татбиқ шудааст. Дар пайи қабули ин қонун Ёқуб Салимов – вазири пешини умури дохилӣ ва Зарафо Раҳмонӣ – узви зиндонии Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ низ раҳо шуданд.

Дар гузашта низ гуфта мешуд, ки баъзе аз афрод аз фурсати татбиқи қонуни афв ба нафъи худ суиистифода кардаанд.