Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, бар асари боридани барфи тар фаромадани тарма дар бахшҳое аз роҳи Душанбе ба самти Хуҷанду Бадахшон дар авҷ аст. Аз 3 феврал боридани барфи тар дар Тоҷикистон оғоз шуд ва гуфта мешавад, то ду рӯзи дигар идома хоҳад дошт.
Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 4 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаракат дар самти Душанбе-Хуҷанд, роҳи Дарвоз-Хоруғ ва Хоруғ-Ишкошим пурхатар дониста мешавад. Ӯ гуфт, нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ талош доранд, то ронандаҳоро аз сафар дар ин роҳҳои пурхатар боздоранд. Ба гуфтаи Юсуфова, мушкил дар он аст, ки ҳар лаҳза роҳҳои тозашударо дубора тарма пахш мекунад.
“Он тармаҳое, ки фаромада буданд, тоза шуданд, вале боз ҷои онҳоро тармаҳои дигар гирифтанд. Роҳ хеле хатарнок шудааст. Аз ин рӯ, аз ронандаҳо хоҳиш дорем, ки дар ин рӯз аз сафар ба Хуҷанду Бадахшон худдорӣ кунанд. Инчунин, бинобар боридани барфи тар хатари шикастани шохи дарахтон ва канда шудани хатҳои барқ низ аз эҳтимол дур нест. Бояд сокинони оддӣ низ ҳангоми гаштугузор дар хиёбонҳо эҳтиёт кунанд”, - гуфт Умеда Юсуфова.
Ним моҳи ахир дар роҳи самти Хуҷанд ва Бадахшон фаромадани тарма ва бастани роҳ ба назар мерасад. Ҳафтаи гузашта дар пайи резиши тарма 8 нафар дар манотиқи мухталифи кишвар ба ҳалокат расиданд.