Эрон гуштигирҳои амрикоиро ба қаламраваш роҳ надод

Эрон аз вуруди тими гуштигирҳои амрикоӣ, ки бояд дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии озод иштирок мекураданд, ба қаламрави ин кишвар ҷилавгирӣ кард.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати хориҷии Эрон, ин қарор посух ба амри маъмурияти нави Амрико аст, ки дар баробари 6 кишвар вуруди шаҳрвандони Эрон ба ИМА-ро низ манъ кард.

Ҷоми ҷаҳонӣ рӯзҳои 16-17 феврал дар шаҳри Кирмонҳои Эрон баргузор мешавад ва яке аз сабқатҳои бонуфӯз дар гуштии тарзи озод ба шумор меояд.

Чанд рӯз пеш Вашингтон дар заминаи санҷиши мушаки болистикӣ ба Теҳрон ҳушдор дод ва ин амалро "нақзи созишномаи ҳастаӣ" унвон кард. Интизор меравад, ки маъмурияти нави Амрико алайҳи Эрон таҳримҳои тоза ҷорӣ кунад.