Шаҳрвандони Туркманистон дар хориҷ пеш аз муҳлат овоз медиҳанд

Интихоботи президентии пеш аз муҳлати Туркманистон барои шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, оғоз шуд.

Ҳамзамон дар шаҳри Ишқобод намояндагони Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон бо гуруҳи нозирони Бюрои институтҳои демократию ҳуқуқи инсон ва САҲА, ки ба интихоботи 12 феврал даъват шудаанд, мулоқот карданд.

Қаблан расонаҳо бо истинод ба сафири Туркманистон дар Русия иттилоъ доданд, ки дар намояндагиҳои дипломатии Ишқобод дар хориҷ аз 2 то 11 феврали соли равон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор мешавад.

"Ҷамъан дар интихоботи президентӣ 2 ҳазору 578 участкаи овоздиҳӣ таъсис дода мешавад, ки 39 тоашон дар намояндагиҳои дипломатии Туркманистон дар хориҷ боз хоҳанд шуд", - гуфт Ботир Ниёзлиев, сафири Туркманистон дар Русия.

Дар интихоботи президентии 12 феврали Туркманистон 9 номзад ба қайд гирифта шуда, раванди райдиҳиро 3 ҳазору 223 нозири маҳаллӣ назорат мекунанд. Ҳамчунин Ишқобод нозиронро аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо даъват кардааст.

Бар пояи Қонуни асосии нави Туркманистон, ки моҳи сентябри соли гузашта тасдиқ шуд, президенти ояндаи ин кишвар барои 7 сол интихоб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ҳамсуҳбатони мо аз Туркманистон мегӯянд, бо наздик шудани рӯзи интихобот дар шабкаҳои телевизиони давлатӣ таблиғи сиёсати президенти кунунӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки яке аз номзадҳост, пурзӯр шудааст.