Ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дигарбора қатъ шуд

Дар пай резиши тарма ва барфбориҳо дар километри 46 то 65-ум, рафтуомади мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз нав қатъ гардид. Далери Абдулло, сухангӯи IRS - ширкати мутасаддии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ рӯзи 3 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари барфбории шадид ва фаромадани чандин тарма дар шоҳроҳ, ба хотири амнияти мусофирон аз субҳи имрӯз, 3 феврал, ҳаракати нақлиёт дигарбора қатъ карда шуд. Вай гуфт, феълан маълум нест, ки роҳ кай дигарбора ба рӯи нақлиёт боз хоҳад шуд, зеро хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Пас аз ҳодисаи маргбори шаби 28 ба 29 январ дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд, ки 8 нафар зери тарма монда ва ҷон бохтанд, ширкати IRS ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳаракати нақлиётро қатъ кард, вале баъди се рӯзи он ва бо беҳбуд ёфтани вазъ, бар асоси як ҷадвал ҳаракат дар ин роҳ шурӯъ шуда буд.