Қирғизистон бозиҳои интернетиро назорат мекунад

Дар Қирғизистон барои машварат дар бораи бозиҳои маҷозии наврасону кӯдакон дар Интернет, телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 111 ва 185 ташкил шудааст, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон иттилоъ додааст. Ба иттилои манбаъ, рақами 111 дар саросари Қирғизистон ва 185 дар шаҳри Бишкек дастрас буда, зангҳо ба воситаи ҳам телефони мобилию ҳам хонагӣ ройгонанд.

Муовини сарвазир Чолпон Султонбеков мегӯяд, бозиҳои маҷозии наврасон ва кӯдакон дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳоеро ба вуҷуд овардаанд. Ба гуфтаи Султонбеков, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин гуна бозиҳо миёни наврасон, ки оқибати фоҷеабор доранд, бояд тамоми неруро ба харҷ дод. "Падару модарон бояд ба фарзандонашон диққати махсус диҳанд. Аз ҷумла назорати бозиҳои кӯдаконро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд пурзӯр кард", - афзуд вай.

Ёдрас мешавем, дар Қирғизистон ба иллати бозиҳои маҷозии "Синий кит" ва "Тихий дом", ки гуфта мешавад ба наврасону кӯдакон таъсири бади равонӣ мерасонанд, пулис ва омӯзгорон аз падару модарон даъват доранд, то диққат диҳанд, ки фарзандонашон дар Интернет бо кадом бозиҳо машғуланд.

Рӯзи 1-уми феврал як хонандаи синфи 8-уми гимназии №12-и Қирғизистон соати 4 субҳ худро аз ошёнаи 4-ум ба замин партофта, худкушӣ намуд. Бино ба фарзияҳо, навраси қирғиз дар Интернет ба яке аз бозиҳое машғул будааст, ки ба худкушӣ даъват мекунанд.