Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз ду тараф шурӯъ шудааст. Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, шоми сешанбе раҳбарияти чанд вазорат ва масъулони ширкати IRS аз қисматҳои осебдидаи ин роҳ дидан карда, ба хулосае омадаанд, ки ҳаракат дар ҳар ду самт ба роҳ монда шавад.
Юсуфова, ки феълан дар роҳи Душанбе-Чаноқ қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “роҳ аз тарма комилан тоза карда шуд ва нақлиёт дар ҳар ду самт ҳаракат мекунад.” Ин дар ҳолест, ки рӯзи 31 январ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эълон карда буд, аз 1 феврал ва то аввали моҳи март ҳаракати нақлиёт дар ин ҷода ба сурати яктарафа, яъне рӯзҳои тоқ аз самти Хуҷанд ва рӯзҳои ҷуфт аз самти Душанбе роҳандозӣ мешавад.
Бар асари тармафароӣ дар ин роҳ панҷ нафар ҷон бохтанд.