Эътирози садҳо дипломати ИМА алайҳи қарори манъи вуруди муҳоҷирон

Ироқ. Парчами ИМА дар биное воқеъ дар қаламрави маҷмааи Сафорати Амрико дар Бағдод. Декабри соли 2011

Департаменти давлатии Амрико тасдиқ кард, ки ҳудудан 900 дипломати ИМА дар саросари ҷаҳон, алайҳи қарори президент Доналд Трамп дар бораи манъи вуруди паноҳандагон ва меҳмонон аз 7 кишвар ба Иёлоти Муттаҳида эътироз карданд.

Изҳороти сафирони Амрико рӯзи 31 январ тавассути канали махсусе пахш шуд, ки кормандон барои ибрози дигарандешӣ ва норозигӣ аз сиёсати расмӣ истифода мекунанд.

Фармони Доналд Трамп сафари шаҳрвандони Эрон, Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон, Сурия ва Яманро ба Амрико барои 90 рӯз манъ мекунад. Қабули паноҳандагон барои 120 рӯз ва вуруди суриягиҳо барои муҳлати номуйян мамнуъ шудааст.

Дипломатҳо дар ҳоле ба қарори Трамп эътироз карданд, ки як рӯз пеш ӯ Додситони куллро барои сарпечӣ аз иҷрои қарори манъи вуруд, аз мақом сабукдӯш кард. Ба дунболи ин, сухангӯи Кохи Сафед Шон Спайсер ба дипломатҳои ҳирфаӣ ҳушдор дод, ки "сухан аз боби амнияти Амрико аст" ва онҳо бояд "ё фармонро иҷро кунанд ё аз кор раванд."

Дипломатҳо шикоят карданд, ки ин қарор метавонад равобитро бо давлатҳои мусалмонӣ хароб кунад, ҳавои зиддиамрикоиро афзоиш диҳад ва ба онҳое зарар расонад, ки барои сафар ба ИМА асоси қонунӣ доранд. Гузашта аз ин, ба назари дипломатҳо, ин қарор бар хилофи арзишҳои аслии зидди табъиз, покбозӣ ва истиқболи самимии ИМА аст.