Фаррух Ҳамрализода савганд ёд кард

Фаррух Ҳамрализода (Ҳамралиев), мушовири собиқи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури иқтисод, рӯзи 1 феврал ба ҳайси раиси нави Палатаи ҳисоб савганд ёд кард. Вай дар ин савгандаш гуфт, Конститутсия ва қонунҳои дигари кишварро риоя карда, “поквиҷдонона ва беғаразона” вазифаашро иҷро мекунад. Ҳамрализода афзуд, “агар ин савгандро вайрон кунад, дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод”. Рӯзи 23 январи имсол бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Дилмурод Давлатзода аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоб “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” барканор шуда, ба ҷойи ӯ номзадии Фаррух Ҳамрализода пешниҳод гардид. Ҳамрализода дар гузашта дар мақоми вазири рушди иқтисод ва савдо низ кор кардааст.