Мақомоти Покистон хабар медиҳанд, гумонбари асосии ҳамлаҳои соли 2008 дар Мумбайро, ки 166 кушта бар ҷой гузошта буд, ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд.
Қарори ҳабси Ҳафиз Саид 30 январ дар пайи фишорҳои чандинсолаи ИМА ва Ҳиндустон содир шудааст. Ҳабси гумонбар мумкин аст, танишҳои миёни Ҳиндустон ва Покистонро кам кунад.
"Ин фармон аз Вашингтон содир шудааст", мегӯяд Ҳафиз Саид. Вай меафзояд, барои озодиаш дар додгоҳ мубориза хоҳад буд.
ИМА барои сари Ҳафиз Саид 10 миллион доллар ҷоиза ваъда кардааст. Ҳафиз Саид роҳбари созмони хайриявии "Ҷамоати Даъват" аст. ИМА мегӯяд, созмони мазкур бо номи гуруҳи "Лашкари Тайба" фаъолияти мусаллаҳона пеш мебарад.