Як оила аз вилояти Андиҷони Узбакистон сегоникҳояшро Исломҷон, Абдуғанӣ ва Каримҷон ном мондааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд. Ба ҷуз аз сегоникҳо дар ин хонавода чаҳор писари дигар -- Машҳурбек, Самандар, Искандар ва Мансурбек ба воя мерасанд. Дар Узбакистон пештар ҳам мушоҳида мешуд, ки волидон ба фарзандонашон номи президентро мегузоштанд.