Масъулони вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, ки соли гузашта истеҳсоли алюминиюм дар кишвар коҳиш ёфтааст. Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Точикистон рӯзи 31 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки истеҳсоли алюминий дар кишвар дар соли гузашта ба қадри 7,8 поин рафтааст. Ба гуфтаи вай дар соли 2016 дар кишвар 129,2 тонна ва дар соли 2015 139,1 тонна аллюминиюм истеҳсол шуда буд. Вазир сабаби аслии кам шудани истеҳсоли аллюминиюро ба кам шудани талабот ва поин омадани нархи алюминиюм рабт дод. Вай гуфт, ки нархи миёнаи як тонна аллюминий дар бозори ҷаҳонӣ дар соли гузашта, 1605 доллар буд, ки дар қиёс ба соли 2015 поин аст. Вай ҳамзамон афзуд, ки тибқи нақша, соли равон бояд дар кишвар 179 ҳазор тонна алюминиюм истеҳсол шавад.