Президентони ИМА ва Русия Доналд Трамп ва Владимир Путин метавонанд пеш аз ҷаласаи гурӯҳи кишварҳои G20, яъне то таърихи 7-8 июли соли ҷорӣ мулоқот кунанд. Дар ин бора рӯзи душанбе, 30 январ сухангӯи Путин Дмитрий Песков хабар дод. Вай гуфт, ки дар сӯҳбати телефонии худ 28 январ онҳо масъалаи таҳримҳоро баррасӣ накарданд, вале умедвор аст, ки базудӣ он ҳам матраҳ мешавад. Песков, аз ҷумла гуфт, ки дар ҷараёни сӯҳбат ҳарду ҷониб омодагиро барои роҳандозии музокирот ба намоиш гузоштанд:
“Ҳарду ҷониб зарурат ба эҳтиром ва арҷгузориро ҳамчун принсипи аслӣ дар равобити ҳамдигар таъкид карданд. Таъкид шуд, ки амрикоиҳои ба русҳо боэҳтиром муносибат мекунанд ва Путин ҳам гуфт, ки дар Русия ҳам ҳамин эҳсосро доранд. Ин як сӯҳбати фавқулодда муҳим буд. Дар гузашта камбуди эҳтироми мутақобила сабаби аслии бад шудани муносибатҳои мо шудааст”.
Ба қавли Песков, дар сӯҳбати телефонии Трампу Путин масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва расидан ба сулҳ, бо шумули Сурия баррасӣ шудааст. Дар Кохи Сафед ин сӯҳбатро оғози муҳим барои беҳбуд бахшидани равобити миёни ду кишвар ситоиш карданд.