Асғар Фарҳодӣ “Оскар”-ро бойкот мекунад

Асғар Фарҳодӣ барои филми "Талоқ" соли 2012 ҷоизаи "Оскар"-ро бурдааст

Коргардони маъруфи эронӣ, ки филми охираш барои бурдани ҷоизаи “Оскар” номзад шудааст, гуфт, дар паи маҳдудиятҳои ахири муҳоҷиратии ИМА маросими ҷоизасупориро дар Ҳолливуд дар охири феврал бойкот мекунад. Асғар Фарҳодӣ, ки филми “Фурӯшанда”-аш барои ҷоиза дар бахши беҳтарин филми хориҷии Академияи синамои Амрико мубориза мебарад, рӯзи 29 январ бо пахши изҳорот гуфт, ки аз нияти қаблии сафараш ба Амрико даст мекашад. Фарҳодӣ гуфт, ҳатто дар сурати истисно ба шахсияти ӯ, аз сафар ба Амрико даст мекашад, чун шароити рӯйдодаро қобили қабул намеҳисобад.

Тарона Алидӯстӣ, бозигари нақши аслии филм ҳафтаи гузашта ба нишони эътироз аз манъи сафари эрониҳо ба Амрико, ки ба гуфтаи ӯ як қарори “нажодпарастона” аст, гуфт, ба маросими ҷоизасупории “Оскар” намеравад. Қарори рӯзи 27 январ имзошудаи президент Доналд Трамп ба муҳоҷирон ва соҳибони грин-картаҳои амрикоӣ марбут аст, ки ба намояндагӣ аз давлатҳои мусалмонии Ироқ, Эрон, Судон, Сомалӣ, Сурия, Либия ва Яман дар Амрико ҳақи расмии иқоматро доранд ва акнун ҳақи будан ва ворид шудан ба ин кишварро аз даст медиҳанд.