Як фаъол дар Тотористон барои пуштибонии кушторҳои Орландо муҳокима мешавад

Иброҳимов бо вакили дифояш

Як ҷавони фаъол дар Тотористони Русия барои пуштибонӣ аз куштори 49 нафар муштариёни як клуби шабонаи Флорида дар соли гузашта ба додгоҳ рафт. Мурофиаи додгоҳи низомие, ки рӯзи 30 январ дар шаҳри Самара шурӯъ шуд, Рамил Иброҳимовро аз рӯи иттиҳоми марбут ба терроризм муҳокима мекунад.

Иброҳимов раиси созмони Раҳбарони ҷавони ташаббускори Тотористон барои “даъватҳои оммавӣ ба терроризм ва сафед кардани фаъолиятҳои террористӣ” тавассути шабакаи Инстаграм дар рӯзи 14 июни соли 2016 муттаҳам мешавад. Дар навиштаҷоташ Иброҳимов бо истифодаи вожаҳои қабеҳ аз он ки дар паи тирандозии террористӣ чандин нафар маҷрӯҳ шуда вале намурдаанд, изҳори таассуф кардааст. Ин ҳодиса ду рӯз баъди он рух дод, ки Умар Матин, як афғони амрикоӣ дар клуби шабонаи ҳамҷинсҳои Орландо 49 нафарро ба ҳалокат расонд. Матин, ки аз ҷониби полис нобуд карда шуд, ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” иртибот дошт.