Марзи Узбакистону Туркманистон боз шуд

Ду рӯз пеш аз сафари президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Хоразми кишвараш, марзи Узбакистон бо Туркманистон барои сокинони наздимарзӣ кушода шуд. Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ҳақ доранд, то се рӯз бе виза ба Туркманистон сафар кунанд.

Чаҳор сол пеш дар остонаи Рӯзи истиқлолияти Узбакистон марзи ин кишвар бо Туркманистон баста ва низоми равуои бевиза қатъ шуда буд.

Тавре сокинон хабар медиҳанд, гузаргоҳи марзии "Шават" - миёни марзи Узбакистон ва Туркманистон - 25 январ кушода шуд. Мақомоти ноҳияи Шавати Узбакистон ин иттлоъро тасдиқ карданд.

Аммо сокинон мегӯянд, барои равуои кутоҳмуддати бевиза дар марз ҳудуди 8 доллари амрикоӣ меситонанд.

Бар асоси як шартнома, ки соли 2004 имзо шудааст, шаҳрвандони минтақаҳои наздимарзии Узбакистону Туркманистон ҳақ доранд, бевиза ба кишварҳои ҳамдигар равуо кунанд. Давоми чаҳор соле, ки ин тартибот аз амал боз дошта шуда буд, шаҳрвандон барои дарёфти виза ба сафорат ё консулгариҳо муроҷиат мекарданд.