Ҳалокати сокини Бадахшон дар зери тарма

Бар асари фаромадани тарма дар вилояти Бадахшон як зан ҷон бохтааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳодиса рӯзи 28 январ дар роҳи мошингарди Ишкошим-Хоруғ иттифоқ афтодааст. Онҳо бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳодиса аз сокинон хостаанд, ки дар ин шабу рӯз аз сафар ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд. Аз ин пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода расман хабар дода буд, ки “ба сабаби гармиҳои чанд рӯзи охир ва боришоти нав эҳтимоли фаромадани тарма дар ноҳияи Бадахшон, қаторкуҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад.”