Суқути ҳавопаймои низомии Ту-154-и Русия дар Баҳри Сиёҳ дар моҳи декабри соли гузашта "иштибоҳи сарнишинон" унвон шудааст. Дар ин бора нашрияи маъруфи "Коммерсант" бо такя ба манобеи худ хабар дод. Ба навиштаи нашрия, мутахассисон ҳанӯз дақиқ нагуфтаанд, ки иштибоҳ аз чӣ иборат аст. Вале онҳо фарзияи суқути ҳавопаймо бар асари мушкили фаннӣ ёт ехникиро рад намудаанд. Ин иттилоъ ҳанӯз расман таъйид нашудааст. Ҳавопаймои Ту-154 бо 92 нафар, асосан ҳунармандони дастаи Александров, низомиён ва хабарнигорон, аз Сочӣ ба Сурия парвоз мекард, вале дар соҳилҳои Сочӣ суқут кард. Дар ин ҳодиса раҳбари бунёди "Кумаки одилона" Елизавета Глинка ҳам қурбон шуд.