Гуфтугӯи телефонии Трамп ва Путин шоми ҷумъа баргузор мешавад

Акси таркибшудаи раисони ҷуҳмури Амрико ва Русия

Бино ба маълумоти Кремлин, сӯҳбати телефонии раисони ҷумҳури Русия ва Амрико, Владимир Путин ва Доналд Трамп, шоми ҷумъаи 28 январ баргузор мешавад. Аз оғози фаъолияти расмии Трамп дар мақоми раиси ҷумҳур, ин аввалин гуфтугӯ бо Путин аст. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 26 январ гуфт, Путин барнома дорад, Трампро ба оғози фаъолияташ табрик гӯяд ва вазъияти равобити дуҷонибаро матраҳ кунад.

Трамп борҳо аз Путин ситоиш ва барои рушди равобити ду кишвар изҳори умедворӣ кардааст, ки баъд аз ишғоли Қрим ва ба гуфтаи Хадамоти истихбороти ИМА, дахолати Русия ба умури интихобот ба хотири пуштибонӣ аз Трамп, рӯ ба сардӣ овард.

Песков дар ҷавоб ба суоле, ки гӯё Трамп лағви таҳримҳои зидди Русияро баррасӣ мекунад, гуфт, ӯ дар ин бора хабар надорад. Трамп ва Путин бори охир баъди пирӯзии аввалӣ дар интихоботи раёсати ҷуҳмури ИМА телефонӣ сӯҳбат карданд ва Путин Трампро ба ин муносибат табрик кард.