Намоиши "танбеҳ"-и мансабдорони Узбакистон дар ТВ. ВИДЕО

Президент Шавкат Мирзиёев ҳангоми суханронӣ дар маросими ҷанозаи Ислом Каримов дар Самарқанд. 3 сентябри соли 2016

Шавкат Мирзиеёв, президенти Узбакистон, ки зимоми қудратро дар ин кишвар авохири соли гузашта, баъди марги президенти пешин Ислом Каримов ба даст овард, аз фаъолияти зердастонаш розӣ нест. Дар ҷаласае Мирзиёев натавонист, ҷилави эҳсосоташро бигирад ва мансабдоронро "бо ҳарфҳои тунд" сарзаниш кард. Дар ҳоле ки чунин "ҷаласаҳо" пештар паси дарҳои баста сурат мегирифт, ҳоло аз тариқи телевизион пахш мешаванд.

Дар ҷаласаи охир Шавкат Мирзиёев ба такрор аз мансабдорон даъват кард, ки бо мардум наздикӣ ҷӯянд, "заминӣ бошанд ва аз ҳаво фуруд оянд".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Танбеҳи намоишкоронаи мансабдорони Узбакистон