Як мард аз ҳамсари ҳиҷобпӯшаш шикоят кардааст

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон барои аввалин бор аз муроҷиати як мард ба ин ниҳод хабар дод, ки аз "бегонапарастӣ", яъне пӯшидани ҳиҷоб аз сӯи занаш, шикоят кардааст. Масъулони ин кумита мегӯянд, ин мард гуфтааст, аз чунин либоспӯшии ҳамсараш розӣ нест, зеро пӯшидани ҳиҷоб ба саломатии ҳамсараш таъсир карда, гирифтори бемории пӯст кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта кумита мегуфт, аксари занон зери фишори мардҳои хонавода ҳиҷоб мепӯшанд. Идигул Қосимзода дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, ки соли гузашта 148 мард ба Кумитаи занон дар робита ба масоили гуногун, муроҷиат кардаанд.