Даъватҳо барои лағви иттиҳоми ҷудоиталабӣ алайҳи Микола Семена

Украина, Қрим - Микола Семена, декабри соли 2016

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва қонунгузорони Аврпуо аз Русия даъват карданд, ки иттиҳоми ҷиноиро алайҳи Микола Семена, хабарнигори ғайриштатии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ки ба ҷудоиталабӣ айбдор шудааст, лағв кунад. Тарафдорони Семена мегӯянд, ки ҳадафи Кремлин хомӯш кардани мунаққидони ишғоли нимҷазираи Қрим аст.

Микола Семена фарзияи ниҳоии иттиҳомашро охири моҳи декабр дарёфт кард, ки дар он шарҳи далелҳо, исми шоҳидони тарафи айбдоркунанда ва маълумоти дигар дарҷ шудааст.

Ба ин тартиб, Семена, ки дар ибтидо, барои назарҳо дар мақолаи Қрим бояд ба Украина баргардонида шавад, моҳи апрел боздошт ва сипас бо забонхати берун нарафтан аз нимҷазира озод шуда буд, базудӣ метавонад мурофиа шавад.

Ӯ дар ростои панҷ соли зиндон қарор дорад.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Ассамблеяи Порлумонии Шӯрои Аврупо ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз Русия даъват карданд, ки иттиҳоми хабарнигорро бекор кунад.

Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 26 январ гуфт, ки иттиҳоми Микола Семена "як бахши талошҳои Русия ва мақомоти тарафдори Русия барои ҷилавгирӣ аз рисолати рӯзномангорони Радиои Озодӣ аст, ки сокинони Қримро бо матбуоти мустақил таъмин мекунанд."