Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, рӯзи 27 январ бо намояндагони мухолифини Сурия дар Маскав мулоқот мекунад. Дар ин бора Вазорати хориҷӣ хабар дод.
Изҳороти рӯзи 25 январ дар ҳоле пахш шуд, ки Эрон, Русия ва Туркия гуфтанд, ки масъулияти таъмини оташбаси шиканандаи Сурия якҷо бар дӯш гирифтанд.
Се кишвар тааҳуди худро 24 январ, дар як изҳороти муштарак баён доштанд, ки дар рӯзи ниҳоии музокироти созиши Сурия дар Остона пахш шуд. Музокирот дӯ рӯз идома кард.
Мухолифини Сурия бо ин баёния қонеъ нашуданд ва дар заминаи назорати оташбас барномаи худро пахш карданд. Намояндагони Димишқ гуфтанд, ки онҳо ягон музокироти сатҳи ҳукуматӣ бо Туркияро ва санадеро, ки мақомоти Туркия имзо мекунанд, қабул надоранд.
Дар ҷанги шашсолаи Сурия, Маскав ва Теҳрон аз президент Башор Асад пуштибонӣ мекунанд ва Анқара тарафдори мухолифин аст.