Қодиров интиқоли низомиёни чеченро ба Сурия тасдиқ кард

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров тасдиқ кард, ки сокинони кишвараш дар ҳайъати баталони пулиси низомии Вазорати дифоии Русия дар Сурия хизмат мекунанд.

Қаблан Қодиров интиқоли чеченҳоро ба Сурия рад карда буд.

Авоили моҳи декабр нашрияҳои "Известия" ва "Коммерсант", бо такя ба манбаҳои худ дар вазорати дифои Русия аз интиқоли ду баталони "неруҳои вежаи Чеченистон", барои ҳимояи пойгоҳи Хмеймими Сурия, макони истиқрори нерӯҳи Русия, хабар доданд. Сомонаи "Кавказ.Реалии" навори худсохтеро нашр кард, ки гӯё аз омодагии сарбозони чечен дар Ханкал ба сафари Сурия гувоҳӣ медод.

Баъдан нашрияи "Новая газета" низ бо такя ба манбаҳои худ навишт, ки мақомоти Чеченистон барои таъсиси ду баталон ва интиқоли онҳо ба Сурия дастур гирифтаанд. Ба гуфтаи нашрия, масъулияти ин амалиёт бар души намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатӣ, Адам Делимхорнов гузошта шудааст. Авоили моҳи январ нашрия тавсияномаи таълимиеро дар бораи Сурия нашр кард, ки барои низомиёни чечен таҳия шуда буд ва машваратҳоеро дар ҷараёни амалиёти заминӣ дар бар мегирифт.