Ҳайкали Бобоҷон Ғафуровро аз маркази Қӯрғонтеппа мекананд

Ҳайкали Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби маъруфи “Тоҷикон” ва яке аз қаҳрамонҳои миллии кишвар, аз маркази шаҳри Қӯрғонтеппа барчида хоҳад шуд. Ин ҳайкал дар ҳоли ҳозир дар назди бинои ҳукумати шаҳр ва кохи “Ватан” воқеъ аст. Амируллои Асадулло, раиси Қӯрғонтеппа, рӯзи 23 январ гуфт, аз як тараф ҳайкал ба талабот ҷавобгӯ нест ва аз тарафи дигар нақшаи шаҳрдорӣ тақозо мекунад, то ин муҷассама аз ҷояш гирифта шавад. Дар гузашта низ бисёриҳо аз сохти ин ҳайкал интиқод карда буданд, ки чандон ба Бобоҷон Ғафуров монандӣ надорад ва дар ҷое ҳам ишора нашудааст, ки ин ҳайкали ӯст. Вале феълан маълум нест, оё ин ҳайкал дубора сохта хоҳад шуд ваё дар ҳамин шакл дар ҷои дигар насб мегардад. Бобоҷон Ғафуров аз маъруфтарин донишмандони тоҷики асри 20 ба шумор меравад. Вай аз соли 1946 то 1956 котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва амалан раҳбари аввали ҷумҳурӣ ва аз соли 1956 раҳбари Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР буд. Китоби «Тоҷикон» аз муҳимтарин осори Бобоҷон Ғафуров мебошад.