Аҳмад Гелонӣ дар бемористон даргузашт

Аҳмад Гелонӣ

Аҳмад Гелонӣ – раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон – дар синни 84 даргузашт. Муовини ӯ Абдулхабир Учқун рӯзи 21 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Гелонӣ шоми шанбе бар асари маризӣ дар бемористон ҷон додааст. Аҳмад Гелонӣ дар солҳои ҳаштоди асри гузашта шӯҳрат ёфта, дар солҳои охир яке аз тарафдорони сарсахти сулҳи давлат бо гурӯҳи Толибон буд. Шӯрои сулҳи Афғонистон соли 2010 барои гуфтугӯи давлати ин кишвар бо гурӯҳи Толибон ташкил шудааст. Бурҳонуддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқ ва раҳбари пешини Шӯрои олии сулҳи Афғонистон моҳи сентябри соли 2011 дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзилаш дар Кобул кушта шуд. Баъдан дар соли 2012 ин вазифаро Салоҳуддин Раббонӣ, писари Бурҳонуддин Раббонӣ бар ӯҳда гирифт. Ӯ баъди вазири умури хориҷӣ шуданаш аз ин мақом даст кашид.