Наҷотдиҳандаҳо дар меҳмонхонаи Rigopiano, воқеъ дар Итолиёи марказӣ, ки шоми 18 январ бар асари фурӯрезии тарма зери барф монд, 8 нафарро зинда пайдо карданд. Матбуоти Итолиё менависад, ки гурӯҳи наҷот тавонист ду осебдидаро аз зери оворҳо берун оварад.
То ҳол ҳалокати чаҳор нафар собит шудааст, нафарони боқимонда гумшуда ҳисоб мешаванд.
Шоми чаҳоршанбе дар кӯҳсори Гран-Сассои Итолиёи марказӣ, дар пайи заминларза тарма фаромад ва меҳмонхонаи Rigopiano-ро гӯр кард. Дар вақти ин ҳодиса то 30 нафар метавонист дар меҳмонхона бошад. Бинобар ҳавои номусоид наҷотдиҳандаҳо танҳо баъди чанд соат ба ҷойи ҳодиса расиданд.