Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" маҷмааи меъмориро, бо шумули амфитеатри румӣ дар Палмира хароб карданд. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Сурия, девори аслии бино комилан аз байн рафтааст.
Тахриби меъмориҳои таърихиро Маъмун Абдулкарим, раиси созмони бостоншиносии Сурия тасдиқ кард. Ӯ бо такя ба шоҳидони маҳаллӣ гуфт, ки маҷмаа 10 рӯз пеш хароб шуд. "Рӯзи гузашта мо наворҳои моҳвораиро аз ҳамкоронамон дар Донишгоҳи Бостон дарёфт кардем, ки хароб шудани девори аслии "амфитеатри румӣ"-ро нишон медод", - гуфт Абдулкарим ба хабаргузории France Press.
Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия дар бораи қатлҳое, ки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар минтақаи ёдгориҳои меъморӣ анҷом додааст, хабар дод. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, рӯзи чаҳоршанбе ҷангҷӯёни ДИИШ 12 нафарро ба қатл расонданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" Палмираро соли 2015 ишғол кард ва онро 9 моҳ таҳти назорат дошт. Моҳи марти соли 2016 ин шаҳр дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба дасти нерӯҳои ҳукумат гузашт. Рӯзи 10 декабри соли гузашта ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамлаи наверо ба Палмира оғоз карданд ва онро дубора ба даст оварданд.