Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 18 январ зимни нишасти хабарӣ дар робита ба пешниҳоди бархе вакилони парлумони кишвар ҷиҳати барҳам додани ин вазоратхона гуфт, ки ин ниҳод сиёсати давлатро дар ин соҳа пеш мебарад ва зарур будан ва ё набудани онро ҳукумати ҷумҳурӣ муайян мекунад. Бархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон қаблан бо таваҷҷӯҳ ба он, ки на замин ва на ихтиёри умури об дар дасти ин вазорат нест, гуфта буданд, ки ин вазоратхона бояд барҳам дода шавад. Аммо вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, барои пеш бурдани сиёсати кишоварзӣ ҳатмӣ нест, ки замину об дар ихтиёри ин вазоратхона бошад.