Ҳавопаймои "Боинг 747-400F", ки дар наздикии фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек суқут кард ва даҳҳо кушта бар ҷой гузошт, 85 тонну 618 кило бор дошт. Ин нукта дар изҳороти расмии ширкати АСТ Airlines ва молики ҳавопаймо баён шуд.
Намояндаи ширкат Айше Кинран гуфт, зарари хонаводаи қурбониён ва зарардидаҳоро ҷуброн хоҳанд кард. Ба иттилои АСТ Airlines, ҳайати сарнишинон баъд аз истироҳати 69-соатӣ дар Ҳонконг, аз роҳи Бишкек озими Истанбул буд. Дар дафтари техникии ҳавопаймо нуқсоне қайд нашудааст.
"Раҳбарияти ширкат бо ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон, ки ба таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймо машғуланд, ҳамкории наздик дорад ва ҳамаи бори дохили ҳавопаймо бима шудааст", - омадааст дар изҳорот.
Муҳаммадкалий Абулғозиев, муовини сарвазири Қирғизистон, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳукумати кишвараш ба хонаводаҳои зарардида 100 ҳазор сомӣ пардохт хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, инчунин, давлат хароҷоти интиқоли ҷасадҳо ва табобати шахсонеро, ки бистарӣ шудаанд, бар дӯш мегирад.
Ёдрас мешавем, субҳи 16 январ "Боинг 747-400F"-и боркаш, ки аз Ҳонконг ба Истанбул парвоз мекард, бояд аз фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек сӯзишворӣ мегирифт. Аммо ҳавопаймо ба хати фурудоӣ нарасид ва дар минтақаи аҳолинишин суқут кард. Дар ин ҳодиса даҳҳо нафар қурбон шуданд.