Намояндагони 70 кишвари дунё тарҳи ҳалли низои Фаластину Исроилро ироа карданд, ки ташкили ин ду давлатро низ пешбинӣ мекунад. Дар изҳороти иштирокдорони конфронси Порис оид ба ҳалли низои Фаластину Исроил, ки рӯзи 15 январ баргузор шуд, пешниҳоди мазкур ягона роҳи расидан ба сулҳ хонда шудааст.
Дар ин конфронс намояндагони Исроил ва Фаластин ҳузур надоштанд ва нахуствазир Бенямин Натаняҳу нишасти мазкурро "зиддиисроилӣ" хондааст. Иёлоти Муттаҳидаро дар ҳамоиш Ҷон Керри, котиби давлатии Амрико намояндагӣ карда, аз маъмурияти Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби Амрико касе иштирок накардааст.
Зимни вохӯрии Франк-Валтер Штайнмайер, вазири умури хориҷии Олмон бо ҳамтои фаронсавияш Жан-Марк Эйро аз Доналд Трамп даъват шудааст, ки бо мақсади шиддат набахшидани низоъ сафорати ИМА-ро аз Тел-Авив ба Ерусалим интиқол надиҳанд.
Моҳи декабри соли гузашта мушовири президенти тозаинтихоби ИМА Келлиэн Конуэй гуфта буд, баъди адои савганди Доналд Трамп сафорати ИМА аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас кӯч мебандад. Дар ҳоли ҳозир Вашингтон бар ин аст, ки Байтулмуқаддас баъди ба поён расидани ваколати Бритониё дар соли 1948 ба ҷонибе тааллуқ надорад. Ин масъала танҳо пас аз имзои созишномаи сулҳ муайян хоҳад шуд.