Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол мушкили камбуди инсулин дар кишвар ҳал мешавад. Соли гузашта ҳангоми таҳияи буҷа барои харидан ва тақсими бепули инсулин маблағи кофӣ ҷудо нашуд ва созмонҳои байналмилалӣ низ барномаи ироаи ройгони ин навъи доруро қатъ карданд. Ҳукумати Тоҷикистон имсол барои харидани доруи инсулин 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зӯҳро Сафарова, ки дар деҳот омӯзгор аст, ҳудуди 400 сомонӣ маош мегирад. Моҳе ду бор ба Душанбе барои гирифтани инсулин меояд. Ӯ рӯзи 14 январ гуфт, наметавонад, нисфи маоши худро барои харидани ин навъи дору сарф кунад. Гуфтугузорҳо дар мавриди тамом шудани инсулини ройгон дар кишвар ӯро нигарон карда буд. «Маоши ман кофӣ нест. Ҳарчанд фарзандонам ёрӣ мекунанд, вале тӯли чанд ҳафта боз нигарон будам, ки бо ин мушкил чӣ кор мекунам?», - афзуд ӯ.
Қиммати як зарфи шишагӣ (флакон) доруи инсулин дар дорухонаҳои кишвар аз 120 то 180 сомонӣ аст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маҷбур шудааст, барои ҳадди ақалл таъмини кӯдакон бо инсулини ройгон созмонҳои байналмилалиро водор кунад. Амридин Абдураҳмонов, намояндаи Маркази клиникии ҷумҳуриявии эндокринологӣ гуфт, "беморони касалии қанд ва дигар беморони гурӯҳҳои мухталиф, ки камбизоат ҳастанд ва шароити дорухарӣ надоранд, аз ҷониби маркази мо инсулин мегиранд."
Маблағҳо барои харидани инсулин ба афроди камбизоатро низ базӯр ҷамъ оварданд. Вазорати тандурустӣ ба хотири дарёфти ин доруворӣ сармоягузории лоиҳаҳои хурдро маҳдуд намуд. Маъмурияти шаҳрҳо низ то ҷое барои таъмини мардум бо инсулин кумак карданд. Барои мисол, дар Душанбе доруворӣ аз ҳисоби маъмурияти шаҳр харида шуд ва маркази тибби пойтахт бидуни маҳдудият онро тақсим кард.
Амриддин Абдураҳмонов афзуд, «дар Тоҷикистон тақрибан 3 ҳазору 700 бемори диабети қанди навъи як ва ду ҳастанд, ки вобастаи инсулин мебошанд. Аз он шумора 800 нафарашон аз ҷониби лоиҳаи ҳаёт барои кӯдакон бо инсулин таъмин шуданд.»
Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар нишасти хабарии рӯзи 11 январ гуфта буд, «дар соли 2017 аз тарафи ҳукумат барои харидани инсулин 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин маблағ дар соли 2016 набуд. Ин иқдоми хуб аст ва мо гуфта метавонем, ки беморони диабети қандро комилан бо инсулин таъмин мекунем.»
Аммо, бо ин ҳама, Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар оянда ҳам ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ умед мебандад. Шумораи гирифторони бемории қанд дар Тоҷикистон ҳамасола зиёд мешавад. Бар пояи оморҳои расмӣ феълан теъдоди ин беморон беш аз 34 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Афзоиши маризонро пизишкон ба стресс ва ё худ фишории рӯҳии афроди камбизоат ва қишри дигари ниёзманди кишвар рабт медиҳанд.