Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров: Ниме аз вакилон касалии қанд доранд


Шукурҷон Зуҳуров
Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон табобати ройгон ё бепули гирифторони касалии қандро муҳим дониста ва гуфт, бояд барои хариди инсулин аз ҳисоби буҷа пул ҷудо шавад.

Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр, ҳангоми саволу ҷавоби бархе аз вакилон бо вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбониён дар бораи бемории қанд ҳарф зад ва табъан гуфт, ки “ниме аз вакилон низ қасалии қанд доранд.”

Ин баҳс ҳангоми баррасии тарҳи қонуни буҷаи соли 2016 ва баъди он шурӯъ шуд, ки вакили парлумон Абдуҳалим Ғаффоров аз вазири молия пурсид, “чаро гирифторони бемории қанд дар Тоҷикистон ройгон табобат карда намешаванд ва барои хариди инсулин аз ҳисоби буҷа пул ҷудо намегардад?”

Ҳоло дар Тоҷикистон 34 ҳазор бемори қанд буда, севуним ҳазорашон ба инсулин ниёз доштаанд. Насимҷон Олимов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, ки дар парлумон ҳузур дошт, дар посух ба суоли Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, барои хариди ин дору, дар маҷмуъ 5, миллион сомонӣ зарур аст, ки онҳо ин гуна маблағ надоранд.

Бо ин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров мавзӯи табобати бепули беморони қанд ва хариди инсулин аз ҳисоби пули буҷаро муҳим донист.

ПАХШИ ЗИНДА АЗ БАҲСИ ВАКИЛОН:

Узр, вале ин матлаб феълан дастрас нест

XS
SM
MD
LG